30 декабри соли 2021, соати 13:00 дар Шўрои диссертатсионии 6D. КОА-003 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17, маҷлисгоҳи Шўрои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Гулов Амридин Абдуалиевич дар мавзӯи «Синтез дар асоси ҳосилаҳои аминокислотагӣ ва пептидии глитсерин бо фуллерен С60» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои химия аз рўйи ихтисоси 02.00.03 – Химияи органикӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

11:49, 20th April 2025
«  Апрел 2025  »
ЯДСЧПҶШ
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930