15 сентябри 2022, соати 13:00 дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D. КОА-021 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии 10-и ДМТ, ошёнаи 1, толори Ш. Ҳусейнзода) ҳимояи диссертатсияи Муртозоев Холмурод Ризоқулович дар мавзуи “Вижагиҳои савтӣ ва лексикӣ-семантикии ашъори намояндагони сабки хуросонии адабиёти тоҷику форс” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020500 – Филология (6D020502 – Забони тоҷикӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

20:54, 22nd July 2024
«  Июль 2024  »
ВПВСЧПС
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031