15 сентябри соли 2022, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-035, дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Махсудов Аслиддин Муҳаббатович дар мавзӯи «Ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии водии Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият (1991-2021)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисоси 6D020301 - Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар китобхонаи Марказии илмии АМИТ бо нишонии 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

14:43, 3rd July 2024
«  Июнь 2024  »
ВПВСЧПС
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30