- Пурра
-
Санаи нашр: 22. Октябр 2022
-
1296
23 декабри соли 2022, соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА – 006 дар назди МД “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатолгии Тољикистон” - и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода, 31) ҳимояи диссертатсияи Ахмеджанова Гулнора Авасовна дар мавзӯи: «Мақбулият ва самаранокии контрасептивҳои тоза прогестинии таъсирашон давомнок барои занҳои гурӯҳи хатари баланд» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб аз рӯи ихтисоси 14.01.01. – Момопизишкӣ ва бемориҳои занона баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МД “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатолгии Тоҷикистон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар китобхонаи илмии пажӯҳишгоҳ шинос шудан мумкин аст.