21 феврали соли 2023, соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-018-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои 11, толори Шӯрои диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ) ҳимояи диссертатсияи Саркорова Шакина Сабзаевна дар мавзуи “Деформатсияи шуури ҳуқуқӣ: ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии он” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.01 - Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат баргузор мегардад.

Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рўдакї, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

01:26, 18th September 2026
«  Сентябрь 2026  »
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930