14 марти соли 2023, соати 14:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-027 дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳимояи диссертатсияи Бадавлатова Бунафша Худоёровна дар мавзуи «Мукаммалгардонии раванди шаффофкунии пешакии обҳои рӯизаминӣ (дар мисоли пойгоҳи обтозакунии худҷории шаҳри Душанбе)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси 05 23 04 – Обрасонӣ, обу корез, системаҳои сохтмонии ҳифзи захираҳои обӣ баргузор мегардад.

Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042 ш. Душанбе, хиёбони академкҳо Раджабовҳо, 10 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

12:34, 3rd July 2024
«  Июль 2024  »
ВПВСЧПС
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031