- Пурра
-
Санаи нашр: 07. Июл 2023
-
2262
7 октябри соли 2023, соати 11:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-030 назди Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Саодати Раҳмоналӣ дар мавзуи «Тарбияи ҳисси ватандустӣ ва ифтихори миллӣ дар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо истифода аз ғояҳои ашъори адибони ҳавзаи адабии Кӯлоб» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.05 – «Назария, методика ва ташкили фаъолияти фарҳангӣ-иҷтимоӣ» (13.00.05.03 – «Педагогикаи иҷтимоӣ ва худшиносӣ») баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи шурои диссертатсионӣ ва китобхонаи Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар суроғаи 734024, шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Адҳамов, 11/2 шинос шудан мумкин аст.