16 апрели соли 2024, соати 11:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Бофанда, 5/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Ализода Аҳмадҷон Абдуқодир дар мавзӯи «Хусусиятҳои гидрологии истифодаи дарёҳои хурд дар рушди гидроэнергетика (дар мисоли вилояти Хатлони Тоҷикистон)» оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 25.00.27 - Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734025, ш.Душанбе, кӯчаи Бофанда 5/2 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

01:02, 21st April 2025
«  Апрель 2025  »
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930