Санаи 06 июли соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Комиссия) маҷлиси ҷамъбастӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 доир гардид. Дар ҷаласа муовини сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниёзӣ Сироҷиддин Раҷаббоқӣ, саркотиби илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Искандаров Қосимшо ва раисони шӯроҳои экспертӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

   Дар рафти маҷлис самтҳои асосии фаъолияти Комиссия ҳамаҷониба мавриди натиҷагирӣ ва баррасӣ қарор дода шуд. Шахсони дар музокира иштирокнамуда фаъолияти Комиссияро мусбат арзёбӣ намуда, ҳамзамон барои беҳбудии фаъолияти минбаъда фикру мулоҳизаҳои муфид ироа намуданд.

 

 

 

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

19:37, 7th June 2025
«  Июн 2025  »
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930