Бо қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 28 феврали соли 2023, №475-р Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эътирофи мутақобилаи дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ ба тасвиб расид.

Тибқи моддаҳои 4 ва 5 Созишнома, дараҷаи илмии номзади илм, ки дар Федератсияи Русия дода шудааст ва дараҷаи илмии номзади илм, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст, баробарарзиш эътироф мешаванд. Ин талабот ба унвонҳои илмии дотсент ва профессор низ алоқаманд аст.

Мавриди зикри хос аст, ки ин дастоварди илмӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкории марбутаи ниҳодҳои дахлдор амалӣ карда шуд.

Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» зодаи тафаккури созандаи Пешвои муаззами миллат ва даврони Истиқлол буда, мақоми ҷумҳуриявии идоракунии давлатӣ буда, бо мақсади аттестатсияи давлатии кормандони илмӣ ва илмию педагогии тахассусии олӣ таъсис дода шудааст. Таъсиси Комиссия имкон дод, ки мушкилоти зиёди шаҳрвандон дар бобати омода кардани рисолаҳои илмӣ ба забони давлатӣ ва ҳимояи онҳо дар дохили кишвар осон гардида, эҳтиёҷоти иқтисоди кишвар ба кадрҳои муосири илмӣ дар доираи низоми байналмилалӣ таъмин гардонида шавад. Ин иқдом бо мақсади таъмини мустақилияти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ дар кишвар роҳандозӣ шуда, барои таҳкими истиқлоли илмии мамлакат мусоидати амиқ намуд.

Принсипҳои асосии фаъолияти Комиссия қонуният, адолату шаффофият, салоҳиятнокӣ, мустақилият, воқеъбинӣ, ошкорбаёнӣ ва риоя намудани меъёрҳои этикаи илмӣ мебошад.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст ва саривақт таъкид менамоянд, ки дар шароити имрӯзаи пешрафти илму технология бо суръати кайҳонӣ олимони кишварро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани илми ватанӣ корҳои таҳқиқотию технологиро вусъат бахшанд. Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Таъмини мутобиқати талаботи тахассусӣ ба дараҷаҳои илмӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию педагогӣ ва иштирок дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогии дорои тахассуси олӣ яке аз вазифаҳои асосии Комиссия буда, имзои ин Созишнома дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ қадами устувор маҳсуб меёбад.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

10:23, 3rd July 2024
«  Июл 2024  »
ЯДСЧПҶШ
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031