ҚАРОРИ
РАЁСАТИ КОМИССИЯИ ОЛИИ АТТЕСТАТСИОНИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 29 декабри соли 2020

протоколи №6

ш.Душанбе

Оид ба шӯроҳои диссертатсионӣ

    Мутобиқи Низомномаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 июни соли 2015, №504) ва Низомномаи намунавӣ оид ба шӯроҳои диссертатсионӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри 2016, №505) Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

қарор мекунад:

  1. Муроҷиати муассисаҳо ҷиҳати таъсиси шӯроҳои нави диссертатсионӣ то тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Комиссия (алҳол дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд) мавқуф гузошта шавад.
  2. Назорати иҷрои қарори мазкур ба уҳдаи котиби илмии Комиссия Бозоров Ш.Э. гузошта шавад.

 

Раиси Раёсати Комиссия

А. Розиқзода

Котиби илмии Раёсат

Ш.Бозоров

 

Календарь

16:31, 3rd July 2024
«  Сентябрь 2024  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930