25 сентябри соли 2020, соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-032 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо 10) ҳимояи диссертатсияи Ғуломсафдаров Абдулназар Ғуломназарович дар мавзӯи «Таҳияи зерсистемаҳои коркарди автоматии матнҳои забони шуғнонӣ» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.13.11 – Таъминоти математикӣ ва барномавии мошинаҳои ҳисоббарорӣ, маҷмааҳо ва шабакаҳои компютерӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042, ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо 10 шинос шудан мумкин аст.

 

 

Календарь

13:56, 3rd October 2024
«  Октябрь 2024  »
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031