14 ноябри соли 2020, соати 09:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-035 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67) ҳимояи диссертатсияи Хусравбеков Лоиқ Давлатбекович дар мавзӯи «Санҷиши педагогӣ ҳамчун методи объективии арзёбии сифати дониши довталабон аз физика» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои педагогика аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи омӯзишу парвариш (физика, таҳсилоти миёнаи умумӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

22:48, 20th April 2025
«  Апрель 2025  »
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930