3 декабри соли 2020, соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-026 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17) ҳимояи диссертатсияи Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо дар мавзӯи «Таснифоти илм дар фалсафаи машшоияи шарқӣ ва таъсири он дар таснифоти муосири илм» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа аз рӯйи ихтисоси 09.00.03 – Таърихи фалсафа баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

14:43, 3rd July 2024
«  Июнь 2024  »
ВПВСЧПС
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30