12-уми декабри соли 2020, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-046 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67) ҳимояи диссертатсияи Раҳимова Шаҳноза Каримовна дар мавзӯи «Барқароршавӣ ва рушди саноати кӯҳии Тоҷикистон дар нимаи дуюми солҳои 20-ум ва охири солҳои 50-уми асри ХХ (дар мисоли Тоҷикистони Шимолӣ)» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.10 – Таърихи илм ва техника баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

20:34, 3rd July 2024
«  Сентябрь 2024  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930