19 декабри соли 2020, соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-015 дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146) ҳимояи диссертатсияи Нихмонов Иматбег Сироҷович дар мавзӯи «Маҳсулнокии навъҳои картошка дар шароити Бадахшони кӯҳии Тоҷикистон ва Афғонистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои кишоварзӣ аз рӯйи ихтисоси 06.01.01 – Зироаткории умумӣ, растанипарварӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 146 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

09:53, 25th August 2024
«  Август 2024  »
ВПВСЧПС
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031