29-уми декабри соли 2020 дар соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-024 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, Буни Ҳисорак, “Шаҳраки донишҷӯён”, бинои 16, ошёнаи 2, толори Шӯрои олимон) ҳимояи рисолаи доктории Бобораҷабов Бобохон дар мавзуи “Бриофлораи Помир (таксономия, экология, ҷуғрофия, эндемизм ва масъалаҳои ҳифз)” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои биологӣ аз рӯйи ихтисоси 03.02.01 – Ботаника баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

08:34, 3rd October 2024
«  Октябрь 2024  »
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031