22 январи соли 2021, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии якдафъаинаи 6D.КОА-037 дар назди Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 299/4) ҳимояи диссертатсияи Каримов Олимҷон Худойбердиевич дар мавзӯи «Баҳоҳои коэрситивӣ ва ҷудошавандагии операторҳои дифференсиалии ғайрихаттӣ» барои дарёфти дараҷаи доктори илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 01.01.01 – Таҳлили ҳақиқӣ, комплексӣ ва функсионалӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИ Тоҷикистон ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734063, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 299/4 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

01:23, 21st April 2025
«  Апрель 2025  »
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930