27 феврали соли 2021, соати 10-00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-020 назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, 1/2, толори шӯрои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Бобоҷонова Муаттар Муротҷоновна дар мавзӯи “Такмили механизми танзими шуғли аҳолӣ ва таъсири он ба даромадҳои меҳнатӣ (дар мисоли вилояти Суғд)” барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти меҳнат) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДТТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734061, ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, 1/2 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

16:35, 3rd July 2024
«  Июль 2024  »
ВПВСЧПС
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031