4 марти соли 2021, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-003 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17, маҷлисгоҳи Шӯрои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Мирзозода Абдусалом Назаралӣ дар мавзуи «Таҳқиқи микроғайриякҷинсагии гудохтаҳои дугона - металлӣ ва нимноқилӣ бо ҷудошавӣ ба қабатҳо дар ҳолати моеъ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои химия аз рӯи ихтисоси 02.00.04 – Химияи физикӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

16:29, 3rd July 2024
«  Август 2024  »
ВПВСЧПС
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031