27 феврали соли 2021, соати 13-00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-020 назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, 1/2, толори шӯрои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Бурҳонзода Зафар Сафар дар мавзӯи “Такмили механизми ташкилию иқтисодии таъмини рушди инноватсионии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар бозори хизматрасониҳои таълимӣ” барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо – соҳаи хизматрасонӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДТТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734061, ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, 1/2 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

03:04, 20th October 2024
«  Октябрь 2024  »
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031