04 марти соли 2021, соати 13:30 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-005, дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Акрамов Муртазо Иномович дар мавзӯи «Муборизаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар охири асри XX – ибтидои асри XXI» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.02 – Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар китобхонаи Марказии илмии АМИТ бо нишонии 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

22:25, 3rd July 2024
«  Декабрь 2024  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031