13 марти соли 2021, соати 12-00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-020 дар назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, ½, толори шӯрои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Ашуров Ғайрат Давлатович дар мавзӯи “Идоракунии рушди бозори хизматрасониҳои суғуртавӣ: назария, методология, амалия” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо – соҳаи хизматрасонӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДТТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734061, ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ, ½ шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

21:38, 18th September 2026
«  Сентябрь 2026  »
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930