18 марти соли 2021, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-002 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Буни Ҳисорак, толори Шӯрои диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносӣ) ҳимояи диссертатсияи Ғаффорзода Илёсҷон Ғаффор дар мавзуи «Проблемаҳои вазъи ҳуқуқии кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон: тадқиқоти сивилистӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯи ихтисоси 12.00.03 – Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

14:22, 27th November 2025
«  Ноябрь 2025  »
ВПВСЧПС
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30