11 июни соли 2021, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D. КОА-030-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17) ҳимояи диссертатсияи доктории Ибодуллозода Аҳлиддин дар мавзӯи «Фаъолияти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти энергетикии Осиёи Марказӣ (солҳои 1991-2020)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.15 – таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ баргузор мегардад.

Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

18:43, 28th July 2024
«  Сентябрь 2024  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930