12 июни соли 2021, соати 09:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-041 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Айнӣ, 14а, маҷлисгоҳ) ҳимояи якдафъаинаи диссертатсияи Гулаҳмадов Ҳайдар Шарифович дар мавзӯи «Арзёбии экологии ҷанбаҳои биохимиявии таъсири партовҳои газӣ ва аэрозолии КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик» ба флораи минтақа» оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 03.02.08 – Экология баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИМО,ГЭ ва Э АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734042, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 14А шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

00:55, 26th August 2024
«  Август 2024  »
ВПВСЧПС
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031