24 сентябри соли 2021, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-051 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14) ҳимояи диссертатсияи Яқубзода Маъруф Садруддин дар мавзӯи “Танзими андозбандӣ ва таъсири он ба фаъолияти сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050900 - Молия баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДМИТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

17:45, 1st September 2024
«  Сентябрь 2024  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930