24 сентябри соли 2021, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА – 038 назди МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139) ҳимояи диссертатсияи Мамадҷонова Гулнора Сидиқҷоновна дар мавзӯи «Таъсири эмгузарониҳои профилактикӣ ба ҷараёни клиникии беморӣ ва мақоми масунӣ дар кӯдакони зуд-зуд беморшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои тиб аз рӯйи ихтисоси 14.01.08 – Тибби атфол баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рўдакї 139 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

08:30, 3rd October 2024
«  Октябрь 2024  »
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031