21 октябри соли 2021, соати 09:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-041 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Айнӣ, 14а, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Сафаров Мустафо Сулаймонович дар мавзӯи «Равандҳои хатарноки гидрологӣ дар шароити тағирёбии иқлим ва усулҳои зондкунии фосилавии мониторинги онҳо (Дар мисоли минтақаи кӯҳӣ-доманакӯҳи Тоҷикистон)» оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рўйи ихтисоси 6D061000 – Гидрология (25.00.27 – Гидрологияи хушкӣ, захираҳои обӣ, гидрохимия) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИМО,ГЭ ва Э АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734042, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 14А шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

16:29, 6th July 2024
«  Май 2024  »
ВПВСЧПС
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031