2 октябри соли 2021, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-015 дар назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146) ҳимояи якдафъаинаи диссертатсияи Нурзода Назар Нур дар мавзӯи «Технологияи обёрии қатрагии помидори кишти баҳорӣ дар шароити гармхонаҳои водии Ҳисор» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисоси 6D081000 - Мелиоратсия, барқарорсозӣ ва ҳифзи замин баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 146 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

18:30, 20th April 2025
«  Апрель 2025  »
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930