9 октябри соли 2021, соати 09:00 дар шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-035 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67) ҳимояи диссертатсияи Файзализода Баҳрулло Файзалӣ дар мавзӯи «Асосноккунии назариявии ташкили методии таҳсили фосилавӣ дар шароити муосири омодасозии мутахассисони босалоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи омӯзишу парвариш (информатика, таҳсилоти олии касбӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

20:30, 3rd July 2024
«  Сентябрь 2024  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930