15 октябри соли 2021, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА – 025 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139) ҳимояи диссертатсияи Шоев Манучеҳр Давроншоевич дар мавзӯи «Такмили муолиҷаи баъдиҷарроҳии беморони гирифтори эътилолиятҳои муштараки ковокии бинӣ бо истифодаи доруҳои ҷолинусӣ» барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (PhD) доктор аз рўи ихтисоси 6D110100 – Тиб, 14.01.03 – Бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишони ш. Душанбе, кучаи Сино 30/1 шинос шудан мумкин.

 

Календарь

20:44, 20th April 2025
«  Апрель 2025  »
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930