25 феврали 2022, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-030-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17) ҳимояи диссертатсияи Сафолзода Муҳаммадӣ Қурбон “Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли қазияи Афғонистон ва рушди муносибатҳои тоҷику афғон (1992-2014)” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.03 – Таърихи умумӣ (илмҳои таърих) баргузор мегардад.

Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

11:32, 24th July 2024
«  Февраль 2025  »
ВПВСЧПС
1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728