16 июни 2022, соати 13:00 дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.КОА-021 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии 10-и ДМТ, ошёнаи 5, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Давлатов Абдулмаҷид Нурович дар мавзуи “Вижагиҳои наҳвии “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковус” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филология аз рӯйи ихтисоси 10.02.01 – Забони тоҷикӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.