13 июли соли 2022, соати 13:00 дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.КОА-021 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии 10-и ДМТ, ошёнаи 1, толори Ш. Ҳусейнзода) ҳимояи диссертатсияи Носирӣ Биби Нилуфар дар мавзуи «Вижагиҳои луғавию маъноии гӯйиши Фархори Афғонистон ва муносибати он ба гӯйишҳои ҷанубию шимолии Кӯлоб» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (Ph.D), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D021003 – Забонҳои мамолики хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо, бумиёни Амрико ва Австралия (забони дарӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

10:13, 7th October 2024
«  Октябрь 2024  »
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031