05 сентябри соли 2022, соати 09.00 дар Шӯрои диссертатсионии муштараки 6D.КОА-042 назди Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ (ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 299/2) ҳимояи диссертатсияи Назаров Зафар Саидмуродович дар мавзӯи «Асосҳои физикию химиявии коркарди партовҳои истеҳсоли алюминий бо сиенитҳои нефелинӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси 05.17.01 – Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ ва дар китобхонаи илмии институт бо нишонии 734063, ш. Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ 299/2 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

01:13, 23rd July 2024
«  Июль 2024  »
ВПВСЧПС
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031