16 сентябри соли 2022, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА – 008 назди МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139) ҳимояи диссертатсияи Саидзода Баҳромуддин Икром дар мавзӯи «Асосноккунии илмии фаъолияти хадамоти кӯмаки дерматовенерологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он дар шароити ислоҳоти бахши тандурустӣ дар марҳилаи муосир» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои тиб аз рӯйи ихтисосҳои 14.02.03 – Сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ ва 14.01.10 – Бемориҳои пӯсту зуҳравӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

00:35, 4th July 2024
«  Июль 2024  »
ВПВСЧПС
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031