19-уми сентябри соли 2022, соати 14:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-041 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М.С. Осимӣ (ш. Душанбе, хиёбони Раҷабовҳо 10а) ҳимояи диссертатсияи Бобоев Ҳақназар Бобоевич дар мавзӯи «Тадқиқот оид ба идоракунӣ, усулҳои коркард ва партовгардонии боқимондаҳои сахти маишӣ дар шароити партовгоҳи шаҳри Душанбе» барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 03.02.08– Экология баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДТТ ба номи М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042, ш. Душанбе, хиёбони Раҷабовҳо 10а шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

02:18, 27th August 2024
«  Август 2024  »
ВПВСЧПС
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031