15 сентябри соли 2022, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-021 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии 10-и ДМТ, ошёнаи 1, толори Ш. Ҳусейнзода) ҳимояи диссертатсияи Назаров Тавакал Айниевич дар мавзуи “Вижагиҳои луғавию маъноӣ ва сохтории истилоҳоти даҳонпизишкӣ дар муқоисаи забонҳои тоҷикӣ ва олмонӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.02.20 – Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.