23 сентябри соли 2022, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-005 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33) ҳимояи диссертатсияи Бобохонова Нилуфар Зиёратшоевна дар мавзуи «Таҳаввули вазифаҳои иҷтимоии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлол» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сотсиологӣ аз рӯйи ихтисоси 22.00.04 – Сохтори иҷтимоӣ, институтҳо ва равандҳои иҷтимоӣ баргузор мегардад.

Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар китобхонаи илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

08:23, 3rd October 2024
«  Октябрь 2024  »
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031