17 ноябри соли 2022, соати 15:30 дар шӯрои муштараки диссертатсионии 6D.КОА-022 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯч. Айнӣ, 126, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Сафарзода Шамсиддин Маҳмадраҷаб дар мавзӯи «Асосҳои педагогии такмили омодасозии мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот баргузор мегардад.

Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва китобхонаи академия дар суроғаи 734063, ш. Душанбе, кӯч. С. Айнӣ, 126 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

04:14, 21st April 2025
«  Апрель 2025  »
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930