22 декабри соли 2022, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-035 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи такрории диссертатсияи Қурбонова Ширин Исмоиловна дар мавзӯи «Нақши ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ дар солҳои 1994-2019» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.02 – Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар китобхонаи Марказии илмии АМИТ бо нишонии 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

20:36, 10th May 2025
«  Май 2025  »
ВПВСЧПС
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031