22 декабри соли 2022, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-035, дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Ақризоев Мақсуд Маҳрамбекович дар мавзўи “Алексей Алексеевич Бобринской – муҳаққиқи таърих ва этнографияи Кӯҳистони Бадахшон” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D020303 – Таърихнигорӣ, манбаъшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон ва дар китобхонаи Марказии илмии АМИТ бо нишонии 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

23:21, 22nd July 2024
«  Июль 2024  »
ВПВСЧПС
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031