7 декабри соли 2022, соати 15:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-037 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» (ш. Хуҷанд, кӯчаи Мавлонбеков 1) ҳимояи диссертатсияи Ризобоева Наргис Мамадкаримовна дар мавзӯи «Тасвирҳои парадоксӣ дар шеъри муосири тоҷик (давраи истиқлолият)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология аз рӯйи ихтисоси 10.01.00 – Адабиётшиносӣ (10.01.08 – Назарияи адабиёт. Матншиносӣ, нусхашиносӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

18:18, 20th April 2025
«  Апрель 2025  »
ВПВСЧПС
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930