20 январи соли 2023, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-009 дар назди Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 299/4) ҳимояи диссертатсияи Хайруллоев Шамсулло Амруллоевич дар мавзӯи «Нулҳои ҳосилаҳои функсияҳои Харди ва Дэвенпорт-Хейлбронн, ки дар порчаҳои кӯтоҳи хати рости критикӣ мехобанд» барои дарёфти дараҷаи доктори илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 01.01.06 – Мантиқи математикӣ, алгебра ва назарияи ададҳо баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734063, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 299/4 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

00:07, 23rd July 2024
«  Август 2024  »
ВПВСЧПС
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031