19 январи соли 2022, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-035 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи такрории диссертатсияи Ниъматов Салоҳиддин Назурович дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди хизматрасонии зооветеринарӣ дар Тоҷикистон (с.1924-1991)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.02 – Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар китобхонаи Марказии илмии АМИТ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

17:25, 3rd July 2024
«  Сентябрь 2024  »
ВПВСЧПС
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930