28 январи соли 2023, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-033 назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Юсупов Сино Юсуфшоевич дар мавзӯи «Аҳамияти биоэкологии захираҳои хӯрокии растаниҳои пастпояи саваннамонанди Тоҷикистони Ҷанубӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои биологӣ аз рӯйи ихтисоси 03.02.08 - Экология баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734017, ш. Душанбе, кӯчаи Карамова, 27 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

01:24, 28th August 2024
«  Август 2024  »
ВПВСЧПС
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031