2 феврали соли 2023, соати 9:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-028 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо 10, маҷлисгоҳи Шӯрои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Мирпочаев Хуршед Абумуминович дар мавзӯи « Такмилдиҳии маводҳо, сохторҳо ва технологияи тайёр намудани ҷараёноварҳои анодии электролизёрҳо барои истеҳсоли алюминий», барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси 05.02.01 – Маводшиносӣ (05.02.01.02 – саноати мошинсозӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи сомонаи донишгоҳ бо нишонии 734042, ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо 10, шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

11:04, 5th August 2026
«  Август 2026  »
ВПВСЧПС
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031