16 феврали соли 2023, соати 13:00 дар Шӯрои муштараки диссертатсионии 6D.КОА-025 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ш. Панҷакент (ш. Хуҷанд, кӯчаи Мавлонбеков 1) ҳимояи диссертатсияи Оналбеков Ержан Жарилкасинович дар мавзӯи «Мониторинг чун воситаи идоракунии сифати таҳсилоти донишҷӯён дар муассисаи таълимӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.08 – Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ (13.00.08.05 – Назария ва методикаи фанҳои ҷамъиятӣ (илмҳои педагогӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

12:33, 3rd July 2024
«  Июль 2024  »
ВПВСЧПС
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031