28 марти соли 2023, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-032 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (732026, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино, 29-31) ҳимояи диссертатсияи Раҳмонов Ҷамшед Эркинович дар мавзўи: «Хусусиятҳои клиникӣ-эпидемиологӣ ва иммунологии ҷараёни коинфексияи ВНМО/гепатити С дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб аз рӯйи ихтисоси 14.01.09 – Бемориҳои сироятӣ баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии: 734026, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.

 

Календарь

22:16, 27th August 2024
«  Август 2024  »
ВПВСЧПС
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031